CID — Маркази рушди зеҳнӣ

Лоиҳаи миллӣ

100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон

Лоиҳаи миллӣ оид ба муаррифӣ ва қадрдонии шахсиятҳои муваффақ, соҳибистеъдод ва ташаббускори Тоҷикистон

  • IIIмавсим
  • 100чеҳраи муваффақ
  • 2026Душанбе
Медал дар қуттии тӯҳфавӣ
Нишони озмун«100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон»

Дар бораи озмун

«100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон» яке аз ташаббусҳои Ташкилоти байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» буда, бо мақсади дарёфт, муаррифӣ ва қадрдонии шахсоне роҳандозӣ гардидааст, ки бо фаъолияти пурсамар, дастовардҳои назаррас ва ташаббусҳои созандаи худ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Озмун майдони муаррифии дастовардҳо, табодули таҷриба ва қадршиносии шахсиятҳое мебошад, ки бо дониш, истеъдод, меҳнатдӯстӣ, роҳбарӣ ва фаъолияти касбии худ ба пешрафти Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Ҳадафи асосии озмун танҳо тақдими ҷоиза нест, балки муаррифии чеҳраҳои муваффақ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, ҳавасмандгардонии ҷавонон ва ташаккули муҳити солими рақобат, эҷодкорӣ ва соҳибташаббусӣ мебошад.

Ҳадаф ва вазифаҳо

Озмун ба чӣ равона гардидааст

  1. I

    Дарёфт ва муаррифии 100 шахсияти муваффақ аз соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва касбӣ

  2. II

    Қадрдонии мутахассисон, роҳбарон, соҳибкорон ва шахсиятҳои соҳибистеъдод барои дастовардҳои назаррас

  3. III

    Муаррифии таҷрибаи муваффақ ва ташаббусҳои созанда дар сатҳи ҷумҳуриявӣ

  4. IV

    Тақвияти ҳамкории намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ

  5. V

    Ҳавасмандгардонии ҷавонон ба донишомӯзӣ, навоварӣ, меҳнатдӯстӣ ва фаъолияти самаранок

  6. VI

    Тарғиби дастовардҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар

Иштирокчиёни озмун

Аз ҳар соҳаи ҳаёти ҷомеа

Дар озмун намояндагони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу санъат, варзиш, соҳибкорӣ, иқтисод, технологияҳои иттилоотӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ, журналистика ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа метавонанд иштирок намоянд.

  • Илму маориф
  • Тандурустӣ
  • Фарҳангу санъат
  • Варзиш
  • Соҳибкорӣ
  • Иқтисод
  • Технологияҳои иттилоотӣ
  • Фаъолияти ҷамъиятӣ
  • Журналистика
  • Дигар самтҳо

Таърих ва дастовардҳо

Се мавсими қадршиносӣ

Озмуни «100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон» ҳамчун ташаббуси қадршиносии шахсиятҳои фаъол ва соҳибдастовард роҳандозӣ гардида, ба майдони муаррифии намояндагони соҳаҳои мухталиф табдил ёфтааст.

Дар доираи давраҳои қаблии озмун шахсиятҳои шинохта ва намояндагони касбу кори гуногун мавриди қадрдонӣ қарор гирифтаанд.

Ин ташаббус бо фароҳам овардани имконияти муаррифии дастовардҳо, шиносоии мутахассисон ва таҳкими робитаҳои касбӣ ба рушди фарҳанги қадршиносӣ мусоидат менамояд.

Нахустин ҷоизаи ифтихорӣ

Аз рӯйдодҳои муҳими таърихи озмун қадрдонии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нахустин ҷоизаи ифтихории он мебошад.

  1. IМавсими якумБаргузор гардид
  2. IIМавсими дуюмБаргузор гардид
  3. IIIМавсими сеюм — 2026Ба наздикӣ · Душанбе

3 декабри 2024 · Душанбе

Маросими ҷоизасупории соли 2024

Рӯзи 3 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ба ғолибони озмун медали махсус, шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ба як қатор ғолибон ҷоизаҳо дар ҷойи кориашон низ супорида шуданд.

Шумораи якуми соли 2024-и маҷаллаи байналмилалии «Интеллект» ба ғолибони озмун бахшида шуд.

Маҷаллаи байналмилалӣ«Интеллект» · №1 · 2024Шумораи махсус ба ғолибони озмун бахшида шудааст

Мавсими сеюм

«100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон — 2026»

Соли 2026 баргузории мавсими сеюми озмун дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин мавсим пешбинӣ мегардад:

  1. 01Интихоби 100 чеҳраи муваффақ
  2. 02Муаррифии фаъолияти онҳо
  3. 03Омода намудани маводи иттилоотӣ
  4. 04Маросими тантанавии қадрдонӣ

Дар чорабинии ҷамъбастӣ иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон, олимон, мутахассисон, аҳли фарҳангу варзиш, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар меҳмонон дар назар аст.

Ба ғолибон ва шахсиятҳои интихобшуда тибқи Низомномаи озмун тақдим карда мешаванд:

  • Ҷоизаҳои махсус
  • Диплом
  • Рамзҳои қадрдонӣ
Плакати ҷоизаи «100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон» Ба наздикӣ

Аҳамияти иҷтимоии озмун

Муваффақият танҳо дастоварди шахсӣ нест. Ҳар як натиҷаи назаррас метавонад барои дигарон намунаи ибрат, манбаи илҳом ва заминаи ташаббусҳои нав гардад.

Озмуни «100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон» маҳз ба ҳамин арзиш такя менамояд: шинохтани меҳнат, қадр кардани истеъдод ва муаррифии инсонҳое, ки бо фаъолияти худ барои ҷомеа манфиат меоранд.

Ташкилкунандагон бар он назаранд, ки муаррифии шахсиятҳои муваффақ метавонад ба ҷавонон дар интихоби роҳи касбӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва талош барои расидан ба ҳадафҳои бузург таъсири мусбат расонад.