5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чорабинии байналмилалии «Шоми пирӯзиҳои бузург» («Вечер больших побед») бо ташаббуси ширкати TAS International Group баргузор гардид.
Ин чорабинӣ шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ аз соҳаҳои варзиш, кино, фарҳанг ва соҳибкориро ба ҳам овард.
Дар чорабинӣ, аз ҷумла, соҳибкор Борис Ротенберг, қаҳрамонони машҳури бокси ҷаҳон Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд, ҳунарпеша Стивен Сигал, ровиёни телевизион Дмитрий Нагиев ва Леонид Якубович, сарояндагон АННА АСТИ, Юлдуз Усмонова ва дигар меҳмонони маъруф иштирок намуданд.
Нақши дастаи мо
Дар ҳамкорӣ бо TAS International Group гурӯҳи иборат аз 120 волонтёр таҳти ҳамоҳангсозии Додхудо Шарифзода дар корҳои пешвозгирӣ, қабулу гусел, ҳамроҳӣ ва хизматрасонӣ ба меҳмонон, аз ҷумла меҳмонони сатҳи VIP, фаъолият намуд.
Вазифаҳои даста ба ҳамоҳангсозии кори волонтёрон, роҳбаладии меҳмонон, мусоидат ба раванди қабули ҳайатҳо, иртибот бо масъулони чорабинӣ ва иҷрои супоришҳои ташкилӣ равона шуда буданд.
Аҳамияти иштирок
Иштирок дар ин чорабинии бузург таҷрибаи даста дар самти қабули шахсиятҳои байналмилалӣ, хизматрасонии протоколӣ ва ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои сершумори волонтёриро мустаҳкам намуд.
Ҳамкории мазкур яке аз намунаҳои таҷрибаи амалии даста дар иҷрои вазифаҳои ташкилӣ барои чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад.