Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Таҳсилоти олии касбӣ дар самти сиёсат ва идоракунии давлатӣ.

Ташаббускори лоиҳаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ
Зиндагинома ва фаъолияти касбӣ
Додхудо Шарифзода 13 феврали соли 2001 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Ӯ роҳбар ва ташаббускори ҷавон буда, фаъолияти касбии худро ба идоракунии ташкилотҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, дастгирии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд ва пешбурди ташаббусҳои инноватсионӣ равона намудааст.
Фаъолияти касбии худро соли 2019 оғоз намуда, дар давоми солҳои минбаъда дар сохторҳои варзишӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар вазифаҳои гуногуни ташкилӣ ва роҳбарӣ кор кардааст.
Дар ин муддат дар ташкили як қатор чорабиниҳои бузурги ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, қабулу гусели ҳайатҳои расмӣ, ташкили хизматрасонӣ ба меҳмонони хориҷӣ ва роҳбарии волонтёрон таҷрибаи назаррас андӯхтааст.
Дар фаъолияти касбии худ ба масъулиятшиносӣ, интизоми корӣ, муносибатҳои устувор бо шарикон, ташаббускорӣ ва натиҷаи амалии ҳар як лоиҳа аҳамияти махсус медиҳад.
Фаъолияти роҳбарӣ ва таҷрибаи касбӣ
Фаъолият дар самти корҳои ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии ташаббусҳои варзишӣ.
Иштирок дар ҳамоҳангсозии чорабиниҳои шаҳрӣ, фаъолияти ҷавонони фаъол ва барномаҳои оммавию варзишӣ.
Фаъолият дар самти ҳамоҳангсозии корҳои ташкилӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ.
Роҳбарӣ ба фаъолияти ташкилот, таҳияи лоиҳаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ташкили озмунҳо, форумҳо, чорабиниҳои қадрдонӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва намояндагони бахши хусусӣ.
Роҳбарӣ ба фаъолияти ширкат ва рушди платформаи рақамии «Somoniyon», ки ба муаррифии молу хизматрасонӣ, рушди тиҷорати электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар бозори Тоҷикистон равона гардидааст.
Таҳсилот
Таҳсилоти олии касбӣ дар самти сиёсат ва идоракунии давлатӣ.
Таҳсил дар зинаи магистратура, самти идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ.
Хатмкардаи маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» мебошад.
Таҳсилоти касбӣ ва иштирок дар барномаҳои омӯзишӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, малакаҳои роҳбарӣ, таҳлили масъалаҳои идоракунӣ, муоширати ҷамъиятӣ ва фаъолияти ташкилотчигии ӯ мусоидат намудааст.
Лоиҳаҳои асосӣ ва ташаббусҳо
Ташаббускор ва роҳбари лоиҳаи ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон», ки бо мақсади муаррифии дастовардҳо ва қадрдонии шахсиятҳои муваффақ дар соҳаҳои давлатӣ, илм, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, фарҳанг, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардидааст.
МуфассалИштирок дар ташкили чорабинии ҷумҳуриявии «ТОП-35 Шарики боэътимоди сол», ки соли 2026 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Ташкилоти байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ ба қадрдонии ширкатҳои пешсаф, рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ равона шуда буд.
МуфассалИштирок дар корҳои ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии чорабинии байналмилалии «Шоми пирӯзиҳои бузург», ки бо ташаббуси TAS International Group баргузор гардида, дар он шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Майк Тайсон, Леонид Якубович, Дмитрий Нагиев ва Анна Асти иштирок намуданд.
МуфассалТашаббускори лоиҳаи байналмилалии Asia Stars Alliance, ки ҳадафи он муттаҳид намудани шахсиятҳои соҳибистеъдод ва намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, илм, варзиш, соҳибкорӣ, ВАО, сайёҳӣ ва ҷавонон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
МуфассалРоҳбари лоиҳаи технологӣ ва платформаи рақамии «Somoniyon», ки барои фароҳам овардани имкониятҳои нави хариду фурӯш, муаррифии молу хизматрасонӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ таҳия шудааст.
Дар баробари ин, дар таҳияи консепсия ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии қадрдонии шахсиятҳои муваффақ дар соҳаҳои футбол, ҷудо, бокс, варзиши электронӣ ва дигар самтҳо фаъолият менамояд.
Таҷрибаи ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо
Самтҳои асосии масъулият: ҳамоҳангсозии корҳои ташкилӣ, ташкили дастаҳои волонтёрӣ, қабулу гусели меҳмонон, хизматрасонии протоколӣ, роҳбаладӣ, тарҷумонӣ, логистика ва ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул.
Таҷрибаи роҳбарӣ ба волонтёрон
Додхудо Шарифзода дар ташкили фаъолияти гурӯҳҳои волонтёрӣ ва ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои бузурги ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ таҷриба дорад.
Дар чорабиниҳои гуногун ба гурӯҳҳои иборат аз 100 то 300 нафар волонтёр роҳбарӣ ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг намудааст.
Аз ҷумла, дар доираи Фестивали тобистонаи Душанбе — 2021 гурӯҳи иборат аз 300 нафар волонтёр ва дар нишасти сарони шаҳрҳои Осиё гурӯҳи 20-нафараи волонтёрон дар корҳои ташкилӣ иштирок намуданд.
Фаъолияти гурӯҳҳои волонтёрӣ пешвозу гусели меҳмонон, роҳбаладӣ, тарҷумонӣ, дастгирии протоколӣ ва дигар хизматрасониҳои заруриро фаро мегирифт.
Дастаи моДастовардҳои миллӣ ва байналмилалӣ
Додхудо Шарифзода барои фаъолияти илмӣ, ҷамъиятӣ, ташкилотчигӣ, рушди ҷавонон ва ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногун бо як қатор ҷоизаҳо ва нишонаҳои қадрдонӣ сарфароз гардидааст.
Ӯ дорандаи зиёда аз 70 ифтихорнома, сипоснома, диплом, медал ва дигар нишонаҳои қадрдонии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Дастовардҳо ва фаъолияти ҷамъиятии ӯ дар як қатор расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ инъикос ёфтаанд.
Самтҳои касбӣ ва қобилиятҳои роҳбарӣ
Донишӣ забонҳо
Ҳадаф ва нигоҳ ба оянда
Дар фаъолияти роҳбарӣ Додхудо Шарифзода ба ташкили гурӯҳҳои масъулиятшинос, ҳамкории устувор бо шарикон ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти воқеии ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҳадафи асосии фаъолияти ӯ амалӣ намудани ташаббусҳое мебошад, ки ба рушди Тоҷикистон, муаррифии имкониятҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкорӣ мусоидат мекунанд.
Барои ман роҳбарӣ пеш аз ҳама масъулият дар назди одамон, эътимоди шарикон ва натиҷаи кор аст. Ман бовар дорам, ки бо муттаҳид намудани шахсони соҳибистеъдод ва масъулиятшинос метавон лоиҳаҳои бузургро амалӣ намуд ва ба рушди ҷомеа саҳми воқеӣ гузошт.