Рӯзҳои 2–4 июни соли 2023 шаҳри Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи байналмилалии Гран-при оид ба ҷудо гардид. Чорабинӣ таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор шуда, марҳилаи муҳим дар рушди ҷудои Тоҷикистон ва ворид шудани Душанбе ба тақвими мусобиқаҳои ҷаҳонӣ гардид.
Дар мусобиқа 315 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷудокорон барои медалҳо ва имтиёзҳои рейтинги байналмилалӣ дар 14 вазн рақобат карданд.
Нақши дастаи мо
Таҳти ҳамоҳангсозии Додхудо Шарифзода гурӯҳи волонтёр-тарҷумонон иборат аз 120 нафар дар корҳои қабули ҳайатҳои хориҷӣ, ҳамроҳии иштирокчиён, роҳбаладӣ, мусоидат ба иртибот бо меҳмонон ва корҳои ташкилӣ фаъолият намуд.
Ин мусобиқа барои даста таҷрибаи муҳими ҳамкорӣ дар муҳити варзишии байналмилалӣ, иҷрои вазифаҳои протоколӣ ва хизматрасонӣ ба намояндагони кишварҳои гуногун гардид.