CID — Маркази рушди зеҳнӣ
ВарзишМусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ҷудо

«Гранд Слам Душанбе — 2024»

  • 3–5 майи 2024
  • Душанбе
  • 390ҷудокор
  • 65кишвар
  • 7медали Тоҷикистон
  • 130волонтёр-тарҷумон

Рӯзҳои 3–5 майи соли 2024 шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи байналмилалии «Гранд Слам» оид ба ҷудоро баргузор намуд.

Ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои муҳими тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо ба шумор рафта, варзишгарони сатҳи баландро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам овард.

Дар мусобиқа 390 ҷудокор аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 1 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.

Нақши дастаи мо

Гурӯҳи волонтёр-тарҷумонон таҳти роҳбарии Додхудо Шарифзода иборат аз 130 нафар дар корҳои ёрирасони ташкилӣ, роҳбаладӣ, ҳамроҳии ҳайатҳо ва хизматрасонии иттилоотию забонӣ ба меҳмонони байналмилалӣ фаъолият намуд.

Таҷрибаи кор дар мусобиқаи «Гранд Слам» ба даста имконият фароҳам овард, ки маҳорати худро дар муҳити сершумори байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои ташкилӣ ва муносибат бо ҳайатҳои хориҷӣ тақвият диҳад.