CID — Маркази рушди зеҳнӣ
ВарзишЧемпионати ҷаҳон

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон

  • 2–6 октябри 2024
  • Душанбе
  • 531ҷудокор
  • 67кишвар
  • 15дастаи миллӣ
  • 100волонтёр-тарҷумон

Рӯзҳои 2–6 октябри соли 2024 шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон гардид.

Мусобиқа бо иштироки варзишгарони ҷавони кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳими байналмилалии варзишӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Дар мусобиқаҳои инфиродӣ 531 ҷудокор аз 67 кишвар ва шаш қитъаи ҷаҳон иштирок намуданд. Рӯзи 6 октябр рақобатҳои даставии омехта низ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 15 дастаи миллӣ ширкат дошт.

Нақши дастаи мо

Гурӯҳи 100-нафараи волонтёр-тарҷумонон таҳти ҳамоҳангсозии Додхудо Шарифзода дар корҳои қабул ва ҳамроҳии ҳайатҳои хориҷӣ, роҳбаладии иштирокчиён ва меҳмонон, мусоидат ба иртиботи байни намояндагони кишварҳои гуногун ва дигар вазифаҳои ёрирасони ташкилӣ фаъолият намуд.

Таҷрибаи мазкур ба даста имконият дод, ки малакаҳои ҳамоҳангсозии байналмилалӣ, муоширати байнифарҳангӣ ва хизматрасонӣ дар чорабиниҳои варзишии сершуморро тақвият бахшад.