CID — Маркази рушди зеҳнӣ
ВарзишЧемпионати ҷаҳон · FIAS

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни устодон

  • 25–27 октябри 2024
  • Душанбе
  • 35+синну соли иштирокчиён
  • 7гурӯҳи синнусолӣ
  • 3рӯзи мусобиқа

Рӯзҳои 25–27 октябри соли 2024 шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни устодон (World Masters SAMBO Championships) гардид.

Мусобиқа таҳти низоми Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) баргузор шуда, самбочиёни синнашон аз 35 боло, аз ҷумла қаҳрамонони собиқ ва варзишгарони соҳибтаҷрибаро ба ҳам овард.

Рақобатҳо дар ҳафт гурӯҳи синнусолӣ баргузор гардида, иштироки варзишгарони кишварҳои гуногун ба таҳкими муносибатҳои байналмилалии варзишӣ мусоидат намуд.

Нақши дастаи мо

Гурӯҳи волонтёр-тарҷумонон таҳти ҳамоҳангсозии Додхудо Шарифзода дар корҳои қабули меҳмонон, ҳамроҳии ҳайатҳо, роҳбаладӣ ва мусоидат ба фаъолияти ташкилӣ иштирок намуд.

Чорабинӣ ба даста имконият дод, ки таҷрибаи хизматрасонӣ ба варзишгарон ва намояндагони федератсияҳои хориҷиро дар шароити мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ густариш диҳад.